Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи амрикоӣ амалиёти Либияро комёб медонад


Майкл Муллен
Майкл Муллен
Майкл Муллен-фармондеҳи аршади нируҳои Амрико мегӯяд, марҳалаи аввали амалиёти нируҳои байналмиллалӣ барои ҷорӣ кардани ҳарими ғайрипарвоз дар Либия "мувафақиятомез" будааст ва пешравии нируҳои заминии ҳукуматии Либия ба Бенғозӣ боздошта шудааст. Режими Қаззофӣ мегӯяд, дар амалиёти нируҳои ғарбӣ дастикам 48 нафар кушта, 150 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти Амрикову Аврупо мегӯянд, ҳадафи марҳалаи аввали амалиёт бо номи “Бомдоди Одиссей” фалаҷ сохтани нируҳои дифои ҳавоии Либия будааст. Қаззофӣ дар суханронии телевизионии худ аз мардуми Либия хост, ки бар зидди “таҷовузи истеъморӣ” ба дифоъ бархезанд:

“Ҳоло зарурате пеш омдааст, ки ҳамаи амборҳоро боз кунем ва ҳамаи мардумро бо ҳамаи навъҳои аслиҳа мусаллаҳ созем то аз истиқлол, якпорчагӣ ва ифтихори Либия дифоъ кунанд”.

Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки нируҳои дарёии Амрикову Британия аз киштиҳои ҷангии худ дар обҳои соҳилии Либия ба 20 нуқтаи дифои ҳавоии Либия 110 мушаки навъи Томаҳавк паррондаанд.
XS
SM
MD
LG