Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор мекунад


Хабаргузории ИРНО-и Эрон иттилоъ додааст, ки 27-28-ӯми март дар Кохи Ваҳдати Теҳрон маросими наврӯзӣ баргузор мешавад. Бино ба хабари ин манбаъ, руасои ҷамоҳири Покистону Афғонистон, Тоҷикистону Озарбойҷон ва Туркияву Ироқ дар ин маросим ширкат меварзанд. Эрон ибтикори баргузории Наврӯзи байналмиллалиро баъд аз он ба даст гирифт, ки соли гузашта 23-юми феврал Шӯрои Амнияти СММ бо тасвиби қатъонмае Наврӯзро ҷашни байналмиллалӣ эълон кард. Сабтҳои садоии тарҷумаи Қуръон ба забонҳои гуногун ва намоишҳои ҳунарӣ дар барномаҳои Наврӯзи байналмиллалии Эрон шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG