Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯз дар Тоҷикистон соати 4-у 21 дақиқаи бомдод фаро мерасад


Нуҷумшиносони тоҷик мегӯянд, ки Наврӯз дар қаламрави Тоҷикистон соати 4-у 21 дақиқаи бомдоди рӯзи душанбе фаро мерасад. Хурсанд Ибоддинов-раиси пажуҳишгоҳи физики нуҷумшиносии Тоҷикистон чунин мегӯяд:

“Дар Тоҷикистон баробаршавии шабу рӯз 21-ӯми марти мо соати 4-у 21 дақиқаи пагоҳирӯзӣ рух медиҳад”.

Барои пазироӣ аз Наврӯз шоми имрӯз дар майдони ба номи Исмоил Сомонии шаҳри Душанбе бо ширкати ҳунармандони варзидаи Тоҷикистон консерти бузурги наврӯзӣ баргузор мешавад. 21-ӯми март барномаҳои наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳ ё иппадроми пешини шаҳри Душанбе барои сокинони ин шаҳр идома меёбад. Дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ барномаҳои саргармкунанда барои таҷлили Наврӯз дар назар гирифта шудааст. Бад- ин тариқ имрӯз охирин рӯзи омодагиҳо ба Наврӯзи хуҷастапай аст. Кишварҳое, ки Наврӯз доранд, дар ин рӯзҳо талош доранд ҳамаи суннатҳои наврӯзиро ба ҷо оранд ва бад-ин тариқ ба суннатҳои ниёгон, ки замоне хатари нобудӣ таҳдид мекард, эҳтиром қоил шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG