Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҷопон шумораи кушташудагон аз 8 000 нафар гузашт


Мақомоти Ҷопон мегӯянд, ки маълумоти расмӣ дар бораи шумораи кушташудагони зилзила ва сунамӣ ба 8 133 нафар расидааст ва бештар аз 12 000 нафари дигар бедарак шудаанд. Ҳамзамон дар ниругоҳи ҳастаии Фукушимо муҳандисон талошҳои худро идома медиҳанд, то вазъро ба ҳолати оддӣ баргардонанд. Ин ниругоҳ аз зилзила ва аз сунамии 11-ӯми март осеби ҷиддӣ дидааст. Баъд аз он ки дар таркиби баъзе ғизоҳо ва об осори ташаъшуъ ошкор гардид, нигарониҳо аз мизони ташаъшуъ бештар шудааст. Мақомот мегӯянд, нигарониҳо аз реактори севвум, ки бо сӯхти плутониум фаъолият мекард, афзоиш ёфтааст. Интизор меравад, ки муҳандисон газҳои радиоактивиро холӣ кунанд, то фишор камтар шавад.
XS
SM
MD
LG