Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои Фаронса дар Либия ба парвоз даромаданд


Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, нируҳои ҳавоии муттаҳидон дар Либия барои пешгирӣ аз ҳамлаи нируҳои ҳавоии Муаммар Қаззофӣ ба шӯришиён дар шаҳри Бенғозӣ вориди амал шудаанд. Вай ин нуктаро дар Порис баъд аз мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои арабӣ изҳор дошт. Дар ин мулоқот ширкаткунандагон тадбирҳоеро аз қабили амалиёти низомӣ бар зидди Либия баррасӣ карданд. Қаблан манобеи низомӣ гуфтанд, ки чанд ҳавопаймои кашфи Фаронса бар фарози Либия ба парвоз даромадаанд. Ҳавопаймоҳои Данияву Амрико ба пойгоҳе дар Италия омадаанд. Ҳамзамон ҳазорон нафар сокинон аз шаҳри Бенғозӣ-маркази мухолифони Муаммар Қаззофӣ фирор мекунанд, зеро нируҳои ҳукуматӣ аз канораҳои ғарбии ин шаҳр ба маркази он ҳамла мекунанд. Сухангӯи шӯришиён гуфт, нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ дар давоми шаби ҷумъа ба шанбе ва рӯзи шанбе ба Бенғозӣ ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG