Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саркозӣ: Нируҳои иттиҳод дар Либия вориди амал шуданд


Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, нируҳои ҳавоии муттаҳидон дар Либия барои пешгирӣ аз ҳамлаи нируҳои ҳавоии Муаммар Қаззофӣ ба шӯришиён дар шаҳри Бенғозӣ вориди амал шудаанд. Вай ин нуктаро дар Порис изҳор дошт. Раҳбарони ҷаҳон дар Порис-пойтахти Фаронса тадбирҳоеро аз қабили амалиёти низомӣ бар зидди Либия баррасӣ мекунанд. Мулоқоти раҳбарони кишварҳои арабӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳазорон нафар сокинон аз шаҳри Бенғозӣ-маркази мухолифони Муаммар Қаззофӣ фирор мекунанд, зеро нируҳои ҳукуматӣ аз канораҳои ғарбии ин шаҳр ба маркази он ҳамла мекунанд. Сухангӯи шӯришиён гуфт, нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ дар давоми шаби ҷумъа ба шанбе ва рӯзи шанбе ба Бенғозӣ ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG