Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Порис имкони ҳамла ба Либия баррасӣ мешавад


Раҳбарони ҷаҳон дар Порис-пойтахти Фаронса тадбирҳоеро аз қабили амалиёти низомӣ бар зидди Либия баррасӣ мекунанд. Мулоқоти раҳбарони кишварҳои арабӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳазорон нафар сокинон аз шаҳри Бенғозӣ-маркази мухолифони Муаммар Қаззофӣ фирор мекунанд, зеро нируҳои ҳукуматӣ аз канораҳои ғарбии ин шаҳр ба маркази он ҳамла мекунанд. Сухангӯи шӯришиён гуфт, нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ дар давоми шаби ҷумъа ба шанбе ва рӯзи шанбе ба Бенғозӣ ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG