Пайвандҳои дастрасӣ

Силсилабоздидҳои Обама аз Амрикои Лотин оғоз шуд


Рӯзи шанбе Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар оғози боздиди панҷрӯзаи худ аз кишварҳои Амрикои Лотин вориди Бразилия шуд. Ҳадаф аз боздиди вай ҳимоят аз ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ ва беҳбуди амният дар ин минтақа арзёбӣ мешавад. Дар пойтахти Бразилия аз Барак Обама ва хонум Мишел Обама-ҳамсари вай раиси ҷумҳури тозаинтихоби Бразилия хонум Дилма Роуссеф пазироӣ кард. Баъз аз Бразилия Обама боздидашро аз Чилӣ яке аз кишварҳои сарватманди Амрикои Лотин идома медиҳад. Силсилабоздиди Обама аз кишварҳои Амрикои Лотин бо Салвадор ба поён мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG