Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Қаззофӣ ба канораҳои Бенғозӣ наздик шудаанд.


Нируҳои Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия ба канораҳои шаҳри Бенғозӣ, ки маркази мухолифони вай ба шумор меравад, наздик мешаванд. Кишварҳои муҳими ҷаҳон Қаззофиро барои нақзи оташбаси эълонкардааш бо шӯришиён муттаҳам кардаанд. Сухангӯи мухолифон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки нируҳои Қаззофӣ дар давоми шаб маркази шаҳрро ҳадафи оташи тӯпхона қарор додаанд ва аз тарафи ғарб вориди шаҳри Бенғозӣ шудаанд. Аммо ҳукумати Либия мегӯяд, сарбозон барои дифоъ аз худ дар муқобили ҳамлаҳои шӯришиён оташ кушодаанд.
XS
SM
MD
LG