Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дар остонаи Наврӯз бо зиёиён мулоқот кард


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни суханронии худ дар мулоқот бо зиёиёни тоҷик дар робита бо Навруз ин ҷашнро ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёин ном бурд ва онро рамзи пирўзии нур бар зулмат, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, гармӣ бар сардӣ ва ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар нерўҳои бадхоҳи аҳриманӣ арзёбӣ кард. Дар мулоқот намояндагони илму фарҳанг ва намояндагони баъзе доираҳои расмии ҳукумат ширкат доштанд. Оқои Раҳмон гуфт: “Сурудҳои ҷовидонии нахусткитоби башарият «Авесто», ки ёдгори бегазанди тамаддуни ориёист, гувоҳи равшани тантанаи баҳору Наврўз, саховати замин, оғози киштукор, ҳосили фаровон, хурўши дарёҳо, навои чашмасорон, обҳои фаровону софу зулол ва шукўҳи марғзорони сабзу хуррам мебошанд”.
Оқои Раҳмон афзуд, яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ба омўзиш ва эҳтиром гузоштан ба мероси илмиву адабии халқи тоҷик, эҳё ва истифодаи арзишҳои умумибашарӣ ба манфиати ҷомеа нигаронида шудааст.
XS
SM
MD
LG