Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия нақзи оташбас бо шӯришиёнро инкор мекунад


Имрӯз Либия инкор кард ва гуфт, ки оташбаси эълонкардаи худ бо шӯришиёнро нақз накардааст. Хабаргузории расмии ин кишвар мегӯяд, сарбозоне, ки дар атрофи шаҳри Бенғозӣ меҷанганд, амалиёти дифоъ аз худро анҷом медиҳанд. Ин шаҳр ҳоло дар дасти шӯришиён аст ва маркази мухолифони Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия ба шумор меравад. Аммо хабарнигорон аз Бенғозӣ иттилоъ медиҳанд, ки артиши Либия маркази ин шаҳрро ҳадафи оташи тӯпхона қарор додааст.
XS
SM
MD
LG