Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар деҳоти Бадахшон Наврӯз ва ё "Шогун" субҳи рӯзи 16-уми март бо садои даф ва маросими хонатаконӣ оғоз ёфтааст.

Хонатаконӣ тибқи одат, ҳангоме ки офтоб ба бурҷи ҳамал наздик ва рӯз чаҳоршанбе бошад, анҷом мешавад.
Хонатаконӣ бо ду ҷоруб, ки якеро пиёдаҷоруб ва дигареро савораҷоруб меноманду бо яке сақф ва дигаре фарши хонаро тоза мекунанд, анҷом мешавад...


МАРОСИМИ ХОНАТАКОНӢ

Хонаводаҳо ҷиҳози хонаро ба берун бароварда, ба тоза намудани он мепардозанд ва ба умеди хушбахтӣ ва пурии рӯзгор як каф ордро ба рӯи сутунҳои хона мемоланд.

Аммо хонаводаҳое, ки наздиконашон ба кор дар идораву муассисот банд ҳастанд, мегӯянд, ки ин маросимро рӯзи истироҳат ба ҷо меоранд. Марҳабо Навҷавонова, як сокини Хоруғ, гуфт: "Ҷорӯбҳоро бастем, болиштҳои сурхро аз хона ба офтоббаро баровардем. Аммо чун кор дорам, хонаро рӯзи истироҳат тоза мекунем."

Муҳаққиқ Лаълҷуббаи Мирзоҳасан мурод аз анҷоми маросими хонатакониро дар он мебинад, ки ба ақидаи мардум инсон бояд ба истиқболи рӯзи нав ва соли нав бо зоҳиру ботини пок ворид шавад.

Хонатаконӣ бо ду ҷоруб, ки якеро пиёдаҷоруб ва дигареро савораҷоруб меноманду бо яке сақф ва дигаре фарши хонаро тоза мекунанд, анҷом мешавад. Вай баён дошт, ки "дар рӯзи Наврӯз одатан зану мард либоси нав ба бар мекунанд ва ҷанбаи рамзии хонатаконӣ дар тоза намудани манзил аз офатҳои соли рафта ба истиқболи соли нав аст. Бахшидани гуноҳҳони ҳамдигар низ ба ҳамин маънист."

"КИЛОҒУЗҒУЗ - ПАЙКИ БАҲОР"

Пас аз тамиз шудани манзил, аъзои хонавода як-як бо нидои "Шогун баҳор муборак" ва қофурчак-ғунчаи гулкоришудаи бед ва ё ғулғула, ки онро арчаи наврузӣ ҳам меноманд, вориди хона мешаванд.
"Сариҷуфтӣ", яке аз маросимҳои роиҷи наврӯзӣ дар деҳоти Бадахшон буда, бар асоси он ҷуфти барзагов бо созу суруд сари замин бурда мешавад ва кишоварзон ба умеди "як дона ҳазору аз ҳазор бешумор" ҷӯяки нахустинро мекашанд...


Кадбону бо ҷавоби "Бар рӯи Шумо муборак" ба китфи рости воридшудагон кафи орд мепошад ва қофурчак ё ғулғулаи наврӯзиро аз дасти онҳо гирифта, дар васати болои хона ҷой медиҳад. Ин нишонаҳои наврӯзӣ то Наврӯзи дигар дар хона мемонанд.

Бачагон дар рӯзи оғози Наврӯз бо адои маросими шоландозӣ ва ё килоғузғуз аз худ дарак медиҳанд ва савғотиҳои наврӯзӣ ба каф мекунанд. Килоғузғуз номи паррандае ҳаст, ки нахустин шуда аз кишварҳои гарм ба Помир меояд ва онро сафири баҳор ва ё пайки баҳор низ меноманд. Бачагон бетоқатона ғуруби офтобро интизор мешаванд ва чун селаи паррандагони сафири баҳор болои бомҳо мешаванд ва нахустин шуда, расми сукути хонаводагии пеш аз соли навиро, ки якчанд соат давом мекунад ва "пичиромч" меноманд, мешикананд.

ЧАШМАҲО ОДАМОНРО ПОК МЕКУНАНД

Бо андохтани шол аз равзани хона ба дарун ва бо қироати шеъри наврӯзӣ, аз соҳибхона кулча, анвои шириниҳо ва пул ҳадя мегиранд. Бегоҳӣ аҳли хонавода сари таоми наврӯзӣ сарҷамъ меоянд. Дар деҳоти дурдаст боҷ-як навъи таоми махсуси наврӯзӣ аз боқило ва калаву почаи гӯсфанд омода мекунанд..

Ба гуфтаи корманди бахши хоруғии Пажӯҳишгоҳи Улуми инсонӣ Саъдӣ Алидодов, дар деҳоти Вахон расм аст, ки рӯзи Наврӯз бо кафидани чашми рӯз ҳар кас талош меварзад, то пештар аз дигарон аз чашма бо кӯза ва ё сатил об биёрад. Зеро ба бовари мардум ба хонаи чунин шахс ризқу рӯзии бештаре ворид мегардад ва хайру баракати хонадон афзуда мешавад.

Вай афзуд, чун дар аксари деҳаҳои ноҳия чашмаҳои гарм мавҷуд ҳастанд мардум дар ин рӯз худро дар оби чашмаҳо пок мекунанд.

"САРИҶУФТӢ" - СУННАТӢ РОИҶИ НАВРӮЗ

"Сариҷуфтӣ", яке аз маросимҳои роиҷи наврӯзӣ дар деҳоти Бадахшон буда, бар асоси он ҷуфти барзагов бо созу суруд сари замин бурда мешавад ва кишоварзон ба умеди "як дона ҳазору аз ҳазор бешумор" ҷӯяки нахустинро мекашанд.

Аммо дар бархе аз маҳаллоти дигар ба мисли Вахон, дар рӯзи Наврӯз бо дуо, гӯсфанд, буз, барзагов ва ё моли дигарро ба хона дароварда пас аз ба рӯяшон молидани кафи орд ва шошп-таоми махсусе, ки аз омехтаи мағзи зардолу, ях ва шир тайёр мегардад, онро сер мекунанд.

Дар ин бора Саъдӣ Алидодов мегӯяд, "ин русум аз анъанаи кишоварзии мардум бар меояд, ки молро асоси зиндагӣ ва ҷузъи хонавода ҳисоб мекарданд."

АРЧАИ НАВРӮЗӢ - ШОХАИ БЕД

Сокинони Бадахшон мӯътақиданд, ки оинҳои бостонии Наврӯз бештар аз ҳама дар Бадахшон боқӣ мондаанд.

Дар ин ҷо ба хотири ороиши хона дар соли нав ҳатто арчаи наврӯзиро фикр кардаанд. Арчаи сафеди наврӯзӣ аз шохаи навбуридаи бед тайёр мешавад. Ҳарчанд дар Бадахшон устоҳои чирададаст зиёданд, аммо тайёр намудани арчаи наврӯзӣ маҳорати махсус талаб мекунанд ва чунин устоҳо ангуштшуморанд.

Қурбонмамадшо Мирзошоев, сокини деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон мегӯяд, ки ба истиқоли баҳор ва Наврӯз, усто бо истифодаи қайчии тез ва нохунаки чӯбин, ки дар нуки қайчӣ зада мешаваад, аз чӯби бед арчаи наврузӣ тайёр кунад. Вай афзуд, арчаи наврӯзӣ сафед аст ва намуди он хӯшаҳои сербори гандумро ба ёд меорад, рамзи ҳосили фаровон ва саодату хушбахтиро ифода мекунад.

Сокинони деҳаи Патхури ноҳияи Шуғнон мегӯянд, ки онҳо арча ва ё ғулғулаи наврӯзиро дар ранги сабзи қирмизӣ мегузоштанд ва он ба арчаи ҳамешасабзи ҳақиқӣ шабоҳат пайдо мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG