Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳру навоҳии вилояи Суғд низ имрӯзҳо ба пешвози Наврӯзи Аҷам қабои идона ба тан кардааст.

Ҷашни Наврӯзро дар шаҳр ва деҳоти Cуғд пиру ҷавон ва кӯдакон бо баргузории маросимҳои хос ва гирди як дастурхони идона таҷлил мекунанд.
Миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, шояд танҳо дар Хуҷанд рӯзҳои ҷашни Наврӯзи бостон миёни кӯдакону навҷавонон мусобиқаи бодпаракпарронӣ баргузор мешавад...

Аз ҷашнҳои миллии тоҷикон дар рӯзҳои мо, шояд танҳо Наврӯз аст, ки ҳамагонро бо чеҳраву қалбҳои фараҳманд канори ҳам меорад.

Насиба Шарифова, як сокини ноҳияи Мастчоҳ, мегӯяд: "Ҳар хонавода ба дастархони умумии наврӯзӣ, ки дар як майдон густарда мешавад, хӯрокҳои гуногун таҳия мекунанд. Он ҷо духтарон арғунчак мепаранд ва ҷавонон мусобиқаҳои гӯштингириву арғамчинкашӣ мекунанд."

НАВРӮЗ КИНАҲОРО АЗ СИНАҲО БЕРУН МЕКУНАД

Аммо тозаву ороста кардани манзилҳо ва кӯчаву гузарҳо ба истиқболи Наврӯз аз суннати аслиест, ки ҳатто монеагузориҳои низоми Шӯравӣ натавониста буд мардумро аз иҷрои он боздорад.

Ҳатто сокинон дар тан либосҳои тозаву нав ва аёдати ҳамдигару марқади гузаштагон, алоқамандии худро ба ин иди миллии худ нишон медоданд. Ба гуфтаи Нуралии Нурзод, донишманди тоҷик, "одамон ба пешвози Наврӯз кинаҳоро аз дил бадар мекунанд. Ҳамдигарро мебахшанд, ки ин нишони сафои дил аст, тамиз кардани хонаи дил аст. Ба бовари мардум, дар он хонае, ки касе дар дилаш кинаву кудурат дорад, рӯзи Наврӯз фариштаҳо фуруд намеоянд."

Фарзона, шоираи саршиноситоҷик, дар тафсири маънии худи Наврӯз чунин мегӯяд: "Вуҷуду сиришти Наврӯз ҳама некуӣ, ҳама покиву сафо, ҳама сабзкориву эҷоду эъҷоз аст. Наврӯз мазҳари муъҷизаҳост, мазҳари эъҷозҳои раббонист.

Аз раҳмати ту умед дорад дили ман,
Бар халқи ҷаҳон навид дорад дили ман.
Чун баҳри муҳаббати туро мешунавам,
Имрӯзу ҳамеша ид дорад дили ман."

ДАСТАРХОНИ НАВРӮЗӢ ВА БОДПАРАКИ СУҒДӢ

Дастархони наврӯзии суғдиёнро дар канори суманак, шириниҳои хоси наврӯз, нишолло, ки аз шираи гиёҳи кӯҳӣ омода карда мешавад, ҳалвои пашмак, набот, самбӯсаҳои алафӣ оро медиҳад.

Занону духтарони деҳоти вилояти Суғд сабзаву гиёҳҳои хӯрданӣ ва шифобахшро аз боғу кӯҳҳо ҷамъ меоранд.Дар шаҳрҳо маъмулан аз бозор харидорӣ мекунанд ва дар арафаи ҷашни Наврӯз, савдо дар бозори "Панҷшанбе", бозори марказӣ ва бузурги шаҳри Хуҷанд, боз ҳам гармтар мешавад.

Вале барои кӯдакони суғдӣ фарорасии Наврӯз маънои оғози фасли камолаксозӣ аз шохакокулакони наврустаи бед, бойчечакгардонӣ ва бодпарак ва ба гуфтаи хуҷандиён, лайлакпаррониро дорад. Миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, шояд фақат дар Хуҷанд рӯзҳои наврӯзӣ миёни кӯдакону навҷавонон мусобиқаи бодпаракпарронӣ баргузор мегардад ва ҳам бачаҳоянд, ки маъракаву нишастҳои саросарии наврӯзиро бо шеъру таронахонии худ зеб медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG