Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент зиёиёнро ба ошкорбаёнӣ даъват кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли зиё баргузор шуд

Барои ширкат дар ин дидори анъанавӣ, ходимони илму маориф, фарҳангу ҳунар ва раҳбарони иддае аз расонаҳои хабарӣ даъват шуда буданд.

Дар суханронии президент калимаҳое ба мисли "ҳамдигарфаҳмӣ", "субот", "оштии миллӣ", "озодбаёнӣ", "озодандешӣ", "ҳувияти миллӣ" бештар шунида мешуд.

АРҶГУЗОРИИ НАҚШИ ЗИЁИЁН ДАР СУЛҲОФАРИНӢ

Дар робита ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар президент Раҳмон ба ҷуз як ишора дар бораи вазъи кишварҳои арабӣ, дигар ҳарфе назад. Ба қавли зиёиён, вай гуфтааст, ҳукуматҳое, ки барои дарозмуддат давлатдорӣ мекунанд, ҳатман муртакиби иштибоҳе хоҳанд шуд, ки норозигии мардумро ба вуҷуд хохад овард. Ин ҳарфҳоро ҳам президент берун аз матни суханронии худ ишора кардааст.

Аммо президент бо ишора ба сулҳу субот дар Тоҷикистон гуфтааст, сулҳу суботе, ки бо мушкилоти зиёд ва гузаштҳои ду ҷониб ба вуҷуд омад, на нишони заифӣ, балки дар асоси фалсафаи сулҳофарии тоҷикон ба даст овардани суботу оромӣ, яъне модели нави ҳалли низоъҳо-модели сулҳофарии тоҷикон тавлид гардид, ки дар он нақши зиёиёни тоҷик калон аст.

РАҲМОН БА МАРДУМ: "БЕГОНАПАРАСТ НАБОШЕД"

Ҷаноби Раҳмон аз мардуми кишвар хостааст, ки бегонапараст набошанд ва гироиш ба фарҳанги бегонаро ба худ роҳ надиҳанд: "Ба ҳар фарде, ки ҳисси бегонапарастӣ дорад, худои таъоло кӯраш кунаду беватанаш кунад. Бо ҳастиямон ватани худро дӯст дорем. Намунаи барҷастаи ташаккулёбии чунин эҳсосу ҳувияти барҷастаи ватанпарастии мардуми ин сарзамин дар ҷараёни дастгирии онҳо аз иқдоми ҳукумат дар мавриди ҳалли таъмини истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон зоҳир гашт. Дар ин ҷараён ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки тамоми мардум аз ин иқдоми созанда якдилона ва бо самимияти баланди ватанпарастона пуштибонӣ намуданд."

Абдуваҳҳоб Набиев, ректори Донишгоҳи Хуҷанд
Раиси Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд Абдуваҳҳоб Набиев мегӯяд: "Бале, ҳоло мо дар як фазои орому бо субот ба сар мебарем ва он ҳаводисе, ки дар он кишварҳо гузашту идома дорад, дар кишвари мо рух нахоҳад дод. Ҳаводиси солҳои 90- ум як сабақи муҳим барои мардуми тоҷик аст. Ва дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар нақши зиёиён олимону донишмандон ҳатто агар гӯем, ки калидӣ аст иштибоҳ намекунем."

"ЧАРО ХОМӮШЕД?"

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш аз хомӯшии аҳли адабу ҳунару қалам дар робита ба вазъи кишвар интиқод кард ва даъват намуд, ки агар дар замони Шӯравӣ наметавонистанд озодона афкори худро баён доранд, пас ҳоло 20 сол аз истиқлолият мегузарад ва чаро хомӯшанд.

Вай аз аҳли зиё хост, ки ҳарчӣ дар дил доранд бинависанд. Барот Абдураҳмон, нависандаи тоҷик, мегӯяд: "Аз мо адибону рӯшанфикрон даъват карданд, ки ҳоло фурсате ҳаст, ки ҳар чӣ дар дил доштеду натавонистед ё ҳазар мекардед озодона нависед эҷод кунед.
Барот Абдураҳмон, нависандаи тоҷик
Президент ба озодии баён, озодии сухан, озодии андеша талқин карданд."

Ба қавли адибон, дар суханрониҳои пешин президент ин гуна таъкидҳо намекард.

Ангезаҳои ин даъватҳо сиёсӣ аст ва ё иҷтимоӣ ҳанӯз рӯшан нест, вале президент Раҳмон дар суханронии худ таҳқиқоти созмонҳои байналмилалиро барои зиёиёни тоҷик мисол овард, ки бар асоси навиштаи онҳо дар Тоҷикистон муҳити мусоиди гуногунандешӣ, табъу нашри воситаҳои ахбори умум аз нигоҳи диду андешаи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии мухталиф, фазои ҳуқуқии мавҷудияти аҳзоби сиёсӣ ва дигар падидаҳои волои демократӣ ба вуҷуд омадааст.

Аммо Шокирҷони Ҳаким, намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ба вуҷуди ин арзишҳо ба ин андозае, ки ишора шудааст, розӣ нест.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми суханронии худ дар ҳамоиш, бо баъзе аз рӯшанфикрҳо дастфишурӣ кард ва онҳоро ба муносибати фарорасии Наврӯз табрик намуд.
XS
SM
MD
LG