Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман вазъи фавқулодда эълон шуд


Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ дар кишвар вазъи фавқулодда эълон кард. Тасмим дар ин бора баъд аз афзоиши эътирозҳо ба думболи кушта шудани мухолифини ҳукумат гирифта шуд.

Рӯзи ҷумъа кормандони полис дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, сӯи эътирозгароне оташ кушоданд, ки баъд аз намози ҷумъа дар канори донишгоҳ ҷамъ омада мехостанд раҳпаймоӣ ва истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳро талаб кунанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса дасти кам 30 нафар кушта ва тақрибан сад каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Намоишҳои эътирозӣ дар Яман як моҳ боз идома доранд.

Раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ, ки 30 сол боз дар садри кишвар аст, қаблан эълом дошт дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 ширкат намекунад ва аммо мухолифин истеъфои фаврии ӯро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG