Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар шимоли Қирғизистон заминларза ба вуқӯъ пайваст. Дар бораи талафот ва харобиҳо бар асари ин офати табиӣ иттилоъе нарасидааст.

Зайнура Шершенбоева, як корманди пажуҳишгоҳи зилзиласанҷии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки нерӯи заминларза дар маркази он – наздикиҳои шаҳраки Канти воқеъ дар марзи миёни Қирғизистону Қазоқистон ба 5 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд.

Нерӯи зилзила дар пойтахти кишвар Бишкек 4,5 дараҷаи ҷадвали Рихтер буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG