Пайвандҳои дастрасӣ

Бо эъломи Наврӯз ба унвони ҷашни байнамилалӣ, ин иди бостонии мардуми ориёитабор дар сарзамини тоҷикон низ рангу қабои тоза ба тан кардааст.

Ҳанӯз чанд рӯз пештар аз оғози соли нави ориёӣ, мардум дар ҳоли омодагӣ ба ин ҷашн қарор доранд. Талошу заҳмате мекашанд, то ҳадди мумкин аз суннатҳои ин иди бостонӣ ёд кунанд ва оинҳои фаромӯшшударо дубора эҳё намоянд.

Суннатҳои зиёди ин ҷашни бостониро мардум дар тӯли таърих аз даст додааст, дар як садсолаи ахир низ зери фишори султаи шӯравӣ бархе ҳам дар марзи фаромӯшӣ қарор гирифта буд. Аммо теъдоди аслии он суннатҳоро бо чӣ сахтиҳо ҳифз карданд ва имрӯз эҳё мекунанду ба насли баъдӣ мерос мегузоранд.

Дар навори видеоии радиои «Озодӣ» як маросим аз таҷлили иди Наврӯз ва яке аз суннатҳои ин ид, оштиву бахшиши гуноҳи ҳамдигарӣ дар ин ид рӯи саҳна омадааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG