Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон мехоҳад бо қабули қонуни ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам кунад.

Сармояе, ки иқтисоди Тоҷикистон ба шиддат ба он ниёз дорад. Аммо ба далели ноҳамвории қонунҳо ва сатҳи болои фасод то кунун наметавонад вориди Тоҷикистон шавад. Аз сӯи дигар фасод ва адами мавҷудияти фарҳанги бозаргонӣ боиси рушд накардани соҳибкории хурду миёна низ шудааст.

Олим Бобоев
Олим Бобоев, вазири собиқи ҳукумати Тоҷикистон, ки акнун раиси пажӯҳишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон аст, роҷеъ ба зарурати чунин қонун ва ҳадафи он мегӯяд: «Барои беҳбуд бахшидани фазои соҳибкорӣ ва аз байн бурдани он маҳдудиятҳое, ки дар роҳи рушди соҳибкорӣ вуҷуд дорад, таҳияи ҳамин қонун пешниҳод шудааст. Яке аз ҳадафҳои аслии он ҳифзи сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳо, имтиёзҳо ва суғуртакунонии бахши фаъолияти соҳибкорӣ аст. Ин албатта заминаи рушд мешавад.»

УМЕДВОРӢ АЗ ҚАБУЛИ ҚОНУН

Аксари коршиносон изҳори умедворӣ мекунанд, қабули ин қонун битавонад заминаи ҳуқуқии муҳиме барои ҳамкории воқеъии давлат ва бахши хусусӣ шавад.



Ҳамкории феълӣ бештар ба нафъи ҷамъе аз мақомдорон ва камтар ба фоидаи худи давлат аст. Зеро мегӯянд соҳибкорон, дар шароити феълӣ робита бо мақомот дар Тоҷикистон мисли ҳамаи кишварҳои ҷаҳони севвумӣ ҳоким аст ва соҳибкори муваффақ ҳам касест, ки робитаи бештар ва хубтаре бар ҳар восита бо мақомот дошта бошад. Аз ин назар, коршиносон мегӯянд, қонуни мазкур бояд робитаи муассири давлат ва соҳибкоронро ба вуҷуд биорад ва бистари муносибе барои матраҳ намудани мушкили соҳибкорӣ ва рушди он шавад.

Фирӯз Саидов
Фирӯз Саидов, таҳлилгари умури иқтисодӣ дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: «Ин қонун метавонад сади роҳи қарору қоидаҳое шавад, ки баъзан бархе вазорату идораҳо мебароранд ва он бар зиёни соҳибкорӣ мешавад. Ин қонун метавонад заминаи диалоге миёни давлат ва соҳибкорон шавад. Зеро то кунун бисёре аз соҳибкорон фикру ақидаи худро то давлат расонида наметавонистанд. Ин қонун метавонад то ҷое фасодро ҳам кам кунад, албатта намегӯем, ки аз байн мебарад, аммо кам мекунад зеро он усулҳои ҳамкории давлат ва соҳибкоронро муайян мекунад».

«САРМОЯИ ХОРИҶӢ НОЗУК ВА НОЗПАРВАР АСТ»

Аммо Давлат Усмон, вазири иқтисоди пешини Тоҷикистон ва коршиноси пажуҳишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳам қонунҳои зиёде роҷеъ ба дастгири соҳибкорӣ ва ҳифзи саромяҳо вуҷуд дорад, ки амал намекунанд. Ба андешаи оқои Усмон, мушкили ҷалби сармоя ва мусоид намудани фазои сармоягузорӣ мушкили қонунҳо нест, балки мушкили иродаи мақомот барои амалӣ кардани қонунҳои ҷорӣ ва мубориза бо фасод аст. Ӯ мегӯяд, сармояи хориҷӣ хеле нозук ва нозпарвар мисли кӯдак
Давлат Усмон
аст ва бояд тарзи муносибат ба онро сохторҳои давлатӣ ёд бигиранд.

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони дигари тоҷик мегӯяд, беҳтар аст, агар барномаи давлатӣ дар ин замина таҳия ва қабул шавад. Рӯиҳамрафта, соҳибназарони тоҷик умедворанд, ки қабули қонун ё барномаи давлатии ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ метавонад ба рушди соҳибкорӣ, тиҷорати хурду миёна ва коҳиши фасод мусоидат кунад. Аммо Тоҷикистон дар чанд соли ахир қонунҳоеро ҳам таҷриба кардааст, ки амалӣ нашудаанд, ва ё амалӣ шудани онҳо акси ҳадафро бозгӯ кардааст. Мисли қонуни танзим, ки зоҳиран гуё масрафи тӯю маросимҳоро коҳиш дода, аммо амалан чизе аз он масрафҳо коста нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG