Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Либия амалиёт алайҳи ошӯбгаронро қатъ кард


Мақомоти Либия эълом доштанд, ки ба хотири дифоъ аз мардуми осоишта ҳама амалиёти низомӣ алайҳи ошӯбгаронро қатъ карда шудааст.

Мусо Кӯсса, вазири умури хориҷии Либия гуфт, ки ин тасмим вокуниш ба қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар робита ба ташкили минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар фазои Либия аст.

Қатънома, ки дирӯз аз сӯи даҳ кишвари узви Шӯрои амният и СММ пазируфта шуд, ҳамчунин қатъи фурӯши силоҳ ба режими Муаммар Қаззофӣ ва чораҳои иловагӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди зархаридони хориҷӣ ба артиши Либияро пешбинӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол имрӯз кишварҳои узви Паймони НАТО дар як нишасти фаврӣ роҳҳои эҳтимолии татбиқи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар робита ба ташкили минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар фазои Либияро баррасӣ мекунанд.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ҳамла ба шаҳри Бенғозӣ, истеҳкоми охирини мухолифин дар шарқи Либияро идома медиҳанд. Ҳамзамон ин нерӯҳо талоши таҳти назорат қарор додани шаҳри Мисратаро доранд.

Ба гуфтаи дипломатҳо, қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ба Вошингтон, Лондон ва Порис иҷоза медиҳад, ки муасисаҳои таҳти назорати Қаззофиро бомборон кунанд. Вале ин санад вуруди нерӯҳои заминии хориҷӣ ба Либияро манъ кардааст.

Имрӯз Олмон изҳор намуд, ки дар дахолати низомӣ ба умури Либия ширкат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG