Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Санъо 20 нафар аз тири полис кушта шуданд


Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, кормандони полис сӯи эътирозгароне оташ кушоданд, ки баъд аз намози ҷумъа дар канори донишгоҳ ҷамъ омада мехостанд раҳпаймоӣ ва истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳро талаб кунанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса дасти кам 20 нафар кушта ва тақрибан сад каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Намоишҳои эътирозӣ дар Яман як моҳ боз идома доранд. Раисиҷумҳур Солеҳ, ки 30 сол боз раҳбари кишвар аст, қаблан эълом дошт дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 ширкат намекунад ва аммо мухолифин истеъфои фаврии ӯро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG