Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Боқиев мавқуф гузошта шуд


Мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва атрофиёни ӯ то 23 март мавқуф гузошта шуд.

Танаффус дар мурофиа баъди он эълон шуд, ки пайвандони қурбониёни ҳаводиси моҳи апрели соли гузашта баъди аз сӯи додгустар рад шудани дархосташон барои ҳабси гумонбарон толорро тарк намуданд.

Аз рӯи парванда ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 дар шаҳри Бишкек 27 нафар, аз ҷумла, низомиёни гурӯҳи “Алфа”, ба маҳкама кашида шудаанд. Парвандаи шаш нафари онҳо, аз ҷумла, раисиҷумҳури пешин, ғойибона бозрасӣ мешавад.

Ин афрод дар куштори мардуми осоишта гумонбар мешаванд - ҳангоми талоши пароканда кардани тазоҳургарон дар майдони марказии пойтахт 87 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Мурофиаи додгоҳӣ моҳи ноябри соли гузашта баъди таркиш дар канори бинои Кохи варзиш мавқуф гузошта шуда буд. Мақомот тасмим гирифтанд, ки макони баргузории мурофиаро дигар кунанд.
XS
SM
MD
LG