Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михалевич хостори паноҳандагӣ дар Белорус шуд


Алеc Михалевич, собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳури Белорус, хостори паноҳандагии сиёсӣ дар Ҷумҳурии Чех шудааст. Дар ин бора имрӯз Вит Колар, сухангӯи вазорати умури хориҷии Чехия, хабар дод.

Бар пояи иттилоъи торнамои сиёсатмадор, бо вуҷуди имзои санад дар бораи тарк накардани кишвар Михалевич аз Белорус берун рафтааст. Қаблан ӯ изҳор карда буд, ки дар маҳбаси Минск ӯ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Алеc Михалевич ҳамроҳ бо дигар ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ 19 декабри соли гузашта, рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус, боздошт шуда, чанд муддат дар маҳбас буд.
XS
SM
MD
LG