Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи таҳдиди ҳастаӣ дар Ҷопон боло бурда шуд


Оҷонси амнияти ҳастаии Ҷопон арзёбии сатҳи хатарро аз 5 то 4 дараҷа боло бурд. Акнун садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимо ҷиддитарин баъд аз фоҷиаи Чернобил дар 25 соли пеш арзёбӣ мешавад.

Аз ин пештар Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ низ садама дар нерӯгоҳи Фукушиморо ҷиддитарин баъд аз садама дар нерӯгоҳи Чернобил хонда буд.

Раиси Оҷонс Юкио Амано ахиран вориди Токио шуд ва дар фурудгоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки "мо ин садамаро бисёр ҳам ҷиддӣ меҳисобем. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ин мушкил басо нигарон аст. Акнун муҳим аст, ки барои ҳалли он ҳамкорӣ сурат бигирад".

Имрӯз раҳбарони нерӯгоҳи “Фукушимо” гуфтанд, ки ба таъмини барқ дар ҳадди аққал ду реактори осебдида муваффақ хоҳанд шуд. Таъмини барқ барои эёи системи сардсозии реакторҳо зарур аст. Ҳамзамон партоби об ба ректорҳо тавассути чархболҳо идома дорад.

Аз садама дар нерӯгоҳи Фукушимо, ки бар асари заминларза рӯх дод, дар маҷмӯъ чаҳор реактор зарар дидаанд ва хатари ба фазо партоб шудани маводи радиоактив ҳамоно боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG