Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз дар шаҳри Бишкек мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмеонбек Боқиев ва атрофиёни ӯ аз сар гирифта шуд.

Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, аз рӯи ин парванда 27 нафар, аз ҷумла, низомиёни гурӯҳи “Алфа”, ба маҳкама кашида шудаанд. Онҳо дар куштори мардуми осоишта дар маркази Бишкек дар моҳи апрели соли гузашта айбдор мешаванд. Ҳангоми талоши пароканда кардани тазоҳургарон дар майдони марказии пойтахт 87 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Мурофиаи додгоҳӣ моҳи ноябри соли гузашта баъди таркиш дар канори бинои Кохи варзиши Бишкек мавқуф гузошта шуда буд. Мақомот тасмим гирифтанд, ки макони баргузории мурофиаро дигар кунанд.
XS
SM
MD
LG