Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО роҳҳои татбиқи қатъномаи Шӯрои амниятро меҷӯяд


Истиқболи мардуми Бенғозӣ аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ

Истиқболи мардуми Бенғозӣ аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ

Кишварҳои узви Паймони НАТО роҳҳои эҳтимолии татбиқи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар робита ба ташкили минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар фазои Либияро баррасӣ мекунанд.

Аз ин қатънома даҳ кишвари узви Шӯрои амният пуштибонӣ карданд, панҷ кишвари дигар аз пазируфтани санад худдорӣ намуданд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, аз сарвазири Бритониё Дэвид Камерон ва раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ даъват намуд, ки ҳамроҳ чораҳои татбиқи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар бораи ташкили минтақаҳои мамнӯъ барои парвоз дар фазои Либияро баррасӣ кунанд.

Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта шудааст, ки сарони ҳарсе кишвар хостори татбиқи фаврии қатънома ва қатъи хушунат алайҳи мардуми осоишта аз сӯи режими Муаммар Қаззофӣ мебошанд.

Ба гуфтаи дипломатҳо, қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ба Вошингтон, Лондонв а Порис иҷоза медиҳад, ки муасисаҳои таҳти назорати Қаззофиро бомборон кунанд. Ва аммо қатънома интиқоли нерӯҳои заминии хориҷӣ ба Либияро манъ кардааст.

Имрӯз Олмон изҳор намуд, ки дар дахолати низомӣ ба умури Либия ширкат нахоҳад кард.

Рӯзи панҷшанбе Муаммар Қаззофӣ изҳор намуд, ки ба зудӣ ошӯбгаронро аз шаҳри Бенғозӣ берун мекунад.

Қатъномаи Шӯрои амниятро ошӯбгарон дар Бенғозӣ бо шӯру шавқи беандоза истиқбол намуданд.
XS
SM
MD
LG