Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаттоҳ Саидов: Иттиҳом алайҳи Бобохонов собит шудааст


Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон гуфт, ки ҳама иттиҳоми эълоншуда алайҳи Файзулло Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор, собит шудааст.

Ин Оҷонс қаблан гуфта буд, ҷараёни тафтишоти парвандаи Файзуллоҳ Бобохонов,нишон дод, ки ӯ дар замони фаъолияташ ба фасоди моливу ришвахории зиёд роҳ додааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, Файзуллоҳ Бобохонов ҳатто дар зиндонӣ кардани чанд нафари бегуноҳ ҳам айбдор аст.

Файзуллоҳ Бобохонов соли 2005, замоне, ки падараш Додситони кулли Тоҷикистон буд, додситони ноҳияи Ҳисор таъйин шуд.

Як сол пеш ба дунболи барканории падараш аз мақом, ӯро низ аз курсии додситони Ҳисор маҳрум карданд.
XS
SM
MD
LG