Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими пуриздиҳоми ҷанозаи як фаъоли мухолифини Баҳрайн


Дар шаҳри Манома, пойтахти Баҳрайн, садҳо нафар дар маросими ҷанозаи яке аз фаъолони мухолифин ширкат намуданд. Ӯ рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми аз байн бурдани қароргоҳи мухолифин ба ҳалокат расида буд.

Дар ин амалиёт алайҳи эътирозгарони шиамазҳаб нерӯҳои Баҳрайн аз тонку зиреҳпӯшҳо истифода карда буданд. Дасти кам се тан аз мухолифин ва се корманди полис кушта шуданд.

Бо вуҷуди эълони вазъи изтирорӣ дар Баҳрайн, мақомот ба ширкати садҳо нафар дар маросими ҷанозаи фаъоли мухолифин монеъ нашуданд.
XS
SM
MD
LG