Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори баррасии қатъномаи Шӯрои амнияти СММ шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз сарвазири Бритониё Дэвид Камерон ва раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ даъват намуд, ки ҳамроҳ чораҳои татбиқи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар бораи ташкили минтақаҳои мамнӯъ барои парвоз дар фазои Либияро баррасӣ кунанд.

Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта шудааст, ки сарони ҳарсе кишвар хостори татбиқи фаврии қатънома ва қатъи хушунат алайҳи мардуми осоишта аз сӯи режими Муаммар Қаззофӣ мебошанд.

Ба гуфтаи дипломатҳо, қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ба Вошингтон, Лондон ва Порис иҷоза медиҳад, ки муасисаҳои таҳти назорати Қаззофиро бомборон кунанд. Ва аммо қатънома интиқоли нерӯҳои заминии хориҷӣ ба Либияро манъ кардааст.

Имрӯз Олмон изҳор намуд, ки дар дахолати низомӣ ба умури Либия ширкат нахоҳад кард. Рӯзи панҷшанбе Муаммар Қаззофӣ эълом дошт, ки ба зудӣ ошӯбгаронро аз шаҳри Бенғозӣ берун мекунад.
XS
SM
MD
LG