Пайвандҳои дастрасӣ

Лаҳзаи сукут ба ёди қурбониёни заминларза дар Ҷопон


Имрӯз дар Ҷопон ба ёди қурбониёни заминларзаи мудҳиш ва тсунамӣ як дақиқа сукут карданд.

Бар асари ин ҳодиса, ки расо як ҳафта пеш дар манотиқи шимолу шарқи кишвар ба вуқӯъ пайваст, 16 ҳазору 600 нафар ва ҳалокат расидаанд ваё беному нишон шудаанд.

Раҳбарони нерӯгоҳи ҳастаии "Фукушимо" имрӯз гуфтанд, ки ба таъмини барқ дар ҳадди аққал ду реактори осебдида муваффақ хоҳанд шуд. Таъмини барқ барои эҳёи системи сардсозии реакторҳо зарур аст.

Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ садама дар нерӯгоҳи "Фукушимо"-ро ҷиддитарин баъд аз фоҷиа дар нерӯгоҳи Чернобил дар 25 соли пеш мехонад.

Аз садама дар нерӯгоҳи "Фукушимо", ки бар асари заминдарза рӯх дод, дар маҷмӯъ чаҳор реактор зарар дидаанд ва хатари ба фазо партоб шудани маводи радиоактив ҳамоно боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG