Пайвандҳои дастрасӣ

EU ба Тоҷикистон 63 миллион евро кӯмак мекунад


Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки тайи ду соли оянда ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 62 миллион евро кӯмак хоҳад кард. Намояндагии иттиҳодия дар Душанбе дирӯз гуфт, кӯмакҳои молии мазкур барои ислоҳот дар арсаи беҳдоштӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, беҳбуд бахшидан ба шеваҳои мудирият дар сохторҳои ҳукуматӣ ва арсаи кишоварзӣ масраф хоҳад шуд. Иттиҳодияи Аврупо дар иваз аз давлати Тоҷикистон мехоҳад, дар амри мурооти ҳуқуқи инсон, демократисозии ҷомеа ва волоияти қонун саъй кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG