Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Amnesty International роҷеъ ба марги Сангов


Amnesty International ё Авфи Байналмиллал вокуниши худро ба марги Сафаралӣ Сангов зери унвони “Тоҷикистон: аввал боздошт баъд қатл” ба нашр расондааст. Ин созмони назорат ба ҳуқуқи башар ва дифоъ аз он аз иддаоҳо дар бораи куштори Сафаралӣ Сангови 37-сола изҳори нигаронӣ кардааст. Сангов баъд аз 4 рӯзи боздошт дар шаҳри Душанбе 5-ӯми марти соли ҷорӣ даргузаштааст. Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки бидуни таъхир ба иддаоҳо дар бораи шиканҷа ва азияту озори Сафаралӣ Сангов расидагии ҳамаҷониба анҷом диҳанд. Якуми март чанд нафар дар либоси полис вориди ҳавлии Сангов шудаанд ва вайро лату кӯб кардаанд. Онҳо санади иҷозаи боздоштро надоштаанд, вале вайро бо худ бурдаанд. Баъдтар хешовандони Сафаралӣ дарак ёфтаанд, ки кормандони полиси ноҳияи Синои Пойтахт вайро боздошт кардаанд. Вале ҳамон рӯз кормандони полис вайро ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол додаанд. 5-ӯми март Сафаралӣ дар ҳамин бемористон ба ҳуш наомада ҷон додааст. Хешовандони Сафаралӣ мегӯянд, ки кормандони полисро, ки вайро шиканҷа додаанд, мешиносанд.
XS
SM
MD
LG