Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International хостори таҳқиқи марги Сангов шуд


Авфи Байналмилал ва Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз марги Сафаралӣ Сангов изҳори нигаронӣ карданд.

Ин ду созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки бидуни таъхир ба иддаоҳо дар бораи шиканҷа ва азияту озори Сафаралӣ Сангов-и 37-сола расидагии ҳамаҷониба анҷом диҳад.
Афви байналмилал ва Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостаанд, ки қазияро мунсифона баррасӣ ва гунаҳкоронро ба муҷозот бикашад...


Сафаралӣ Сангов рӯзи якуми март аз сӯи маъмурони пулиси "Сино-1"-и шаҳри Душанбе дар манзили зисташ боздошт ва ба гуфтаи аҳли хонадонаш мавриди латукӯби онҳо қарор гирифтааст.

Сарвиноз Сангова, ҳамсари марҳум Сангов мегӯяд, баъд аз ин ҳамсари ӯро ба бемористони Қарияи Боло бурдаанд, ки пас аз чаҳор рӯзи дар он ҷо буданаш аз дунё даргузашт.

Сафаралӣ Сангов чанд рӯз пеш аз даргузашташ дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе
Ба гуфтаи Сарвиноз, боздошти ҳамсари ӯ бе ҳузури шоҳидон ва ҳам далели шайъӣ сурат гирифтааст.

Аммо мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, марҳум Сафаралӣ Сангов бо "далели шайъӣ", яъне бо 471 грам ҳашиш боздошт шуда, вале ӯ хостааст, ки худро аз ошёнаи дуввуми бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи "Сино-1"-и Душанбе ба зер партояд.

Наздикони Сафаралӣ Сангов мегӯянд, ӯ 5 сол дар Русия зиндонӣ буда, баъд аз бозгашт бо ҳадафи таъмини зиндагии хуби зану фарзанд дар наздии хонааш фурӯшгоҳи кӯчакеро боз карда буд.

Бо ин ҳол, Афви Байналмилал ва Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостаанд, ки қазияро мунсифона баррасӣ ва гунаҳкоронро ба муҷозот бикашад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАР ИН ҶО:

Боздошти хушунатборе, ки ба фоҷеа анҷомид

Дар робита ба қазияи Сангов парванда боз шуд
XS
SM
MD
LG