Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи кории назди Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД дар масъалаи Афғонистон ба кори худ поён дод.

Коршиносони кишварҳои узви СПАД дар баёнияе дар пайи хатми нишасти худ аз густариши ноамниҳо дар Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда ва гуфтанд, ки авзои Афғонистон ба як таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ табдил шудааст.
Дар шароити кунунӣ хориҷ намудани нерӯҳои Эътилофи байналмилал, ин ба маънои ба оғӯши мушкилоти бузург андохтани Афғонистон ва эҷоди хатар барои ҳамаи минтақаро дорад...


Бар иловаи ин, афзоиши қочоқи маводи мухаддир низ яке дигар аз омилҳои мусоидаткунанда ба густариши ифротгароӣ ва гурӯҳҳои тундрав унвон шуд.

Ширкатдорони ин нишаст ҳамчунин гуфтанд, ки густариши маводи мухаддир дар Афғонистон ба ҳаддест, ки онро метавон таҳдиде ба суботу амнияти байналмилалӣ унвон кард.

УБУРИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, гуфт, "мо ташаннуҷ пайдо кардани авзоъ дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон ва таҳаввулоти гузаштаро низ баррасӣ кардем ва бояд гуфт, ки ташаннуҷи вазъ дар ин ноҳияҳо, пеш аз ҳама, ба убури гурӯҳҳои ифротӣ аз марзи Афғонистон вабаста буд."



Ширкаткунандагони ин нишаст гуфтанд, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада, СПАД кӯмакҳои лозимро барои тақвияти марзи Тоҷикистон ба Афғонистон дареғ нахоҳад дошт.

Ҷаноби Бордюжа ҳамчунин афзуд, дар сурати хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва Эътилофи байналмилал аз Афғонистон, амнияти ин кишвар ва ҳамчунин кулли минтақа ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

НИГАРОНӢ АЗ ХУРУҶИ НЕРӮҲОИ АМРИКОӢ

Ӯ гуфт: "Ба назари ман дар шароити кунунӣ Афғонистон қодир нест ба хатароте, ки вуҷуд дорад ва таҳдид мекунад, муқобила намоянд. Ҳанӯз зарур аст, ки ҳукумати қавӣ, нерӯҳои мусаллаҳи муназзам ва кадрҳои кордида омода шаванд. Ба изофаи он, бояд ба сулҳ ва ризояти умумӣ даст ёфт ва он гоҳ мешавад нерӯҳоро аз он ҷо ихроҷ намуд. Аммо дар шароити кунунӣ хориҷ намудани ин нерӯҳо ин ба маънои ба оғӯши мушкилоти бузург андохтани Афғонистон ва эҷоди хатар барои ҳамаи минтақаро дорад."

Ҳаётулло Кӯҳсор, таҳлилгари афғон, мегӯяд, имкони таъсиргузории СПАД ва мусоидати он барои ҳалли мушкили Афғонистон хеле андак аст. Ӯ афзуд, кишварҳои узви ин созмон бо оростани чунин ҷаласаҳо бештар дар фикри мушкилоти худанд, то ин ки ба роҳи ҳалле дар мавриди Афғонистон биандешанд.

Коршиносони СПАД ба ин назаранд, ки ба манзури муассир воқеъ шудани иқдомот дар ҷиҳати ҷилагирӣ аз хатароте, ки ба марзҳои Тоҷикистон таҳдид мекунад, бояд ин созмон бо созмонҳои байналмилалӣ, Созмони Милал ва соири дигар созмонҳо ҳамкории бештаре роҳандозӣ бикунад.
XS
SM
MD
LG