Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ниҳоди СММ аз боздоштҳои худсарона дар Баҳрайн


Мақомоти аршади Кумиссариёи Олии ҳуқуқи башари вобаста ба СММ аз гузоришҳо дар бораи боздоштҳои худсарона, кушторҳо ва шиканҷаи тазоҳуркунандагон дар Баҳрайн изҳори ташвиш кардаанд. Ин ниҳоди СММ ҳамчунин аз аз тасарруфи бемористонҳо тавассути низомиён ва нируҳои амниятӣ, ки аз чархболҳо ва танкҳо истифода мекунанд, нигарон шудааст. Бино ба гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башар дар чаҳор ҳафтаи нооромиҳо дар Баҳрайн 12 нафар кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG