Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқоти идона баргузор мешавад.

Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳриДушанбе, ба "Озодӣ" гуфт: "Рӯзи 22-юми март соати 14 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаи кушода оид ба гуштии миллӣ бо ширкати паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи кишвар барпо
Барои баргузории мусобиқоти наврӯзӣ аз буҷаи шаҳрӣ 88 ҳазору 900 сомонӣ ихтисос дода шудааст...
мегардад. Ғолибони мутлақи мусобиқа дар ду гурӯҳ - паҳлавонони вазнашон аз 70 то 80 ва аз 80 кило боло бо ҷавоизи олӣ – мошинҳои сабукрави тамғаи хориҷӣ, ки президенти Тоҷикистон таъсис намудааст, мукофотонида мешаванд. Инчунин ба онҳо Ҷоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар супурда хоҳад шуд."



Ҷаноби Камолов ҳамчунин афзуд, "рӯзи 23-юми март соати 10 дар Ипподром ё майдони аспдавонии Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ ё пойгаи равон сурат мегирад. Ғолибони мутлақи пойга дар аспҳои зоти тоҷикӣ ва инглисӣ ба масофаи 2000 метр бо мукофоти пулӣ - ҳар кадом ба маблағи 2000 сомонӣ сарфароз мешаванд. Умуман барои баргузории мусобиқоти наврӯзӣ аз буҷаи шаҳрӣ 88 ҳазору 900 сомонӣ ихтисос дода шудааст."

Ба иттилои масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, бахшида ба иди Наврӯз, ҳамчунин, дар шаҳру навоҳии кишвар ба ғайр аз гуштии миллӣ, аспдавонию бузкашӣ, аз рӯи навъҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, футбол, тенниси рӯи миз, шоҳмоту шашка ва ғайра мусобиқот доир мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG