Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба фаъолияти МегаФон дар Қирғизистон расидагӣ мешавад


Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон гурӯҳи вижаи бозрасон таъсис дод, то ба фаъолияти фароҳамкунандаи аслии хадамоти мухобиротии кишвар расидагӣ анҷом диҳад. Иддао мешавад, ки ин ниҳод аз маблағҳо нодуруст истифода кардааст. Отунбоева гуфт, аз ҳисоби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва полиси молӣ гурӯҳи нави расидагӣ ба фаъолияти МегаФон ташкил мешавад. Сухангӯи МегаФон рӯзи чаҳошанбе гуфт, ки ҳоло раҳбарии ин ширкатро бори дигар Андрей Силих бар ӯҳда гирифтааст. Силих ва Александр Бороздин-раҳбарони МегаФон қабл аз оғози парвандаи ҷиноӣ аз Қирғизистон фирор карда буданд.
XS
SM
MD
LG