Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон сафинаи худро ба кайҳон партоб кардааст


Эрон мегӯяд, ки як сафинаи кайҳонии худро бо муваффақият ба фазо партоб кардааст. ИРНО-хабаргузории расмии ин кишвар навиштааст, рӯзи сешанбе ин сафина ё капсулро мушакбари навъи Ковушгар-4 (Ковишгар) то ба масофаи 120 километр ба кайҳон интиқол додааст ва сипас ба замин баргаштааст. Дар гузориш омадааст, имкон дорад дар оянда ин сафина ба кайҳон ҳайвонотро низ ба таври озмоишӣ интиқол диҳад.
XS
SM
MD
LG