Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳавошиносони тоҷик кӯмак мекунад


Бонки Ҷаҳонӣ барои таҷдиди таҷҳизоти идораи ҳавошиносии Тоҷикистон 13 миллион доллар ихтисос медиҳад. Дар ин бора Ҷамила Байдуллоева-раҳбари ин идора ба матбуот хабар додааст. Раванди таҷдиди таҷҳизот то соли 2015 идома меёбад. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома ба ҷуз аз табдили компютерҳои дорои таҷҳизоти зарурӣ дар марказҳои ҳавошиносӣ моҳвора низ барои аксбардории абрҳо муҷаҳҳаз хоҳад шуд ва кормандони ин идора аз давраҳои омӯзишӣ хоҳанд гузашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG