Пайвандҳои дастрасӣ

ИА ниругоҳи Қайроқумро таъмир мекунад


Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст, ки Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад ниругоҳи барқи обии Қайроқумро таъмир кунад. Ин масъала дар мулоқоти Пер Морел-намояндаи вижаи Иттиҳодияи Авурупо барои Осиёи Марказӣ бо Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Соли гузашта дар мулоқоти оқои Морел бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ин масъала баррасӣ шуда буд. Оқои Морел гуфта буд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар рудхонаи Сурхоб ба арзиши 60 миллион доллар ниругоҳҳои хурди барқи обӣ месозад.
XS
SM
MD
LG