Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон аз Тотористон боздид кард


Эрдуғон дар Тотористон
Эрдуғон дар Тотористон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия аз ҷумҳурии худмухтори Тотористони Русия боздид кард. Бино ба гузоришҳо, Эрдуғон рӯзи чаҳоршанбе бо Рустам Минниҳанов-раиси ҷумҳури Тотористон дидор ва гуфтугӯ кард. Дар поёни ин дидор Минниҳанов ба ифтихори Эрдуғон маҷлиси зиёфат орост. Туркия ва Тотористон равобити қаввии фарҳангӣ ва таърихии муштарак доранд. Бино ба хабари ИТАР-ТАСС, табодули колои миёни ҷонибҳо то ба 1,37 миллиард доллар боло рафтааст. Эрдуғон аз Маскав вориди Қазон шуд. Вай дар Маскав бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳур ва Владимир Путин-нахуствазири Русия масъалаҳои энержиро баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG