Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳрайн фаъолони тазоҳуроти эътирозиро боздошт мекунад


Дар Баҳрайн дар ҷараёни саркӯбии тазоҳуроти эътирозии шиаҳо бар зидди раҳбарони суннимазҳаби ин шоҳигарӣ дастикам 6 нафар шахсиятҳои калидии мухолифон боздошт шудаанд. Баҳрайн аз чанд ҳафта ба ин сӯ даргири тазоҳуроти эътирозии аксарияти шиаҳост. Муътаризон анҷоми ислоҳоти сиёсӣ дар ин кишварро тақозо доранд. Рӯзи чаҳоршанбе нируҳои амниятӣ дар Манама-пойтахти Баҳрайн барои парканда кардани эътирозгарон аз чархболҳо ва танкҳо истифода карданд. Дар ҷараёни ин амалиёт 2 корманди полис ва 2 тазоҳуркунанда кушта шуданд. Эрон аз саркӯбии тазоҳуркунандагон интиқод кард, аммо Амрико изҳори нигаронӣ кард ва ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват намуд.
XS
SM
MD
LG