Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи баҳси додгоҳии як ширкати русӣ бо ҳукумати Хатлон


Ҳабибулло Алисултонов, намояндаи ширкати русии "Дружба

Ҳабибулло Алисултонов, намояндаи ширкати русии "Дружба

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии баҳси миёни ширкати русии "Дружба" ва ҳукумати Хатлон оғоз кардааст.

Ширкати тиҷоративу саноатии "Дружба"-и шаҳри Нижний Новгороди Русия дар номаи шикоятии худ ба Додгоҳи олии иқтисодӣ, ҳукумати вилояти Хатлонро барои барнагардонидани қарзаш аз ин ширкат дар 18 соли ахир муттаҳҳам кардааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин амр метавонад ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба ин кишвар асар бигузорад...


Ҳабибулло Алисултонов, намояндаи ваколатдори ин ширкат, дар авохири моҳи феврали соли ҷорӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки "ширкати мо моҳи декабри соли 1993 ба маблағи беш аз 1 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоӣ 70 адад мошини сабукрави тамғаи "ВАЗ - 02 107" ва 2 ҳазору 550 тонна сӯзишвории дизелӣ ба вилояти Хатлон ворид кардааст. Аммо бо вуҷуди дархостҳои батакрори ва дастурҳои раисҷумуҳури Тоҷикистон ва нахуствазир, ин маблағ ба мо баргардонда нашудааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Алисултонов, ҳукумати вилояти Хатлон бо дастури ҳукумати кишвар маблағи 65 ҳазор долларро баргардонида, ҳамакнун аз додани маблағи боқимонда сарпечӣ мекунад.

Дар зимн, ба таъкиди ӯ то кунун ду марҳила аз қазияи додгоҳии масъалаи мазкур дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон сурат гирифтааст. Вай афзуд, агарчӣ дар марҳилаи аввал додгоҳ баргардонидани маблағи қарзиро зарур шуморидааст, аммо дар марҳилаи дуввум ин тасмими додгоҳ бо фишори ҳукумати вилоят бекор шудааст.

Ба ин далел ширкати "Дружба" ба Додгоҳи Олии иқтисоди Тоҷикистон шикоят бурдааст, то ба даъвояш расидагӣ кунанд ва маблағҳои қарзиро ҳукумати вилояти Хатлон баргардонад.

Ҳабибулло Алисултонов мегӯяд, дар сурати мусбат ҳал нашудани ин қазия, онҳо ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат хоҳанд кард. Зеро ба бовари ӯ, чунин амалкарди мақомоти вилояти Хатлон, нақзи муқаррарот ва қавонини байнидавлатӣ аст.

Масъулони ҳукумати Тоҷикистон то кунун дар ин замина ибрози назаре накардаанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин амр метавонад ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба ин кишвар асар бигузорад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Бритониё эълом кард, ки мизони кӯмакҳо ба Тоҷикистонро коҳиш хоҳад дод. Ин кишвар далели аслиро дар сирқати маблағҳои кӯмакӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG