Пайвандҳои дастрасӣ

Тими миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё шаби 16-уми март ба Ҷазоири Молдив сафар кард.

Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ба ҳайати даста 19 футболбоз шомиланд:
Ғолиби Ҷоми даъвати AFC-2012 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегирад...


дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ);

ҳимоятгарон: Даврон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Акмал Сабуров (ҳама - «Истиқлол»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Фурӯғ Қодиров (ССКА «Помир»);

нимҳимоятгарон: Иброҳим Рабимов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (ҳама - «Истиқлол»), Самад Шоҳзуҳуров, Асадулло Нуруллоев (ҳарду - «Регар-ТадАЗ);

ҳамлагарон: Комил Саидов, Фарҳод Тоҳиров, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Даврон Тухтасунов (ССКА «Помир»), Низом Раҳимов («Хайр»).

Пӯлод Қодиров афзуд, мутаассифона, ҳимоятгар Сафаралӣ Каримов, узви дастаи мунтахаби кишвар, ки дар сабқати ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев дар ҳайати “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода сахт лат хӯрдааст, аз сафари Молдив бенасиб монд.

Мубин Эргашев (мураббии калони “Истиқлол”) ва Маҳмадҷон Ҳабибуллоев (сармураббии “Регар-ТадАЗ”) ёварони Пӯлод Қодиров таъин шудаанд.

Нахустин бозии футболбозони тоҷик дар сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати AFC дар гурӯҳи “С” 21-уми март бо тими миллии Қирғизистон баргузор мешавад. Дар даври дуввум 23-юми март дастаи Тоҷикистон бо тими Камбоҷа қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март бо тими мизбон – Ҷазоири Молдив барпо мегардад.

12 дастае, ки бар асоси натоиҷи мусобиқоти соли 2010-ум рейтинги баландтар дорад ва чаҳор тими ғолиби даври аввал , ҷамъ 16 даста, дар сабқати гурӯҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Ҷадвали Ҷоми даъвати AFC:

Гурӯҳи «А» (21-25 март): Мянмар (мизбон), Фаластин, Бангладеш, ғолиби плей-офф: Филиппин – Муғулистон

Гурӯҳи «В» (21-25 март, Малайзия): Туркманистон, Ҳиндустон, Тайван, Покистон

Гурӯҳи «С» (21-25 март): Тоҷикистон, Ҷазоири Молдив (мизбон), Камбоҷа, Қирғизистон

Гурӯҳи «D» (7-11 апрел): Кореяи Шимолӣ, ғолиби плей-офф: Бутан – Афғонистон, Непал (мизбон), Шри-Ланка

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.

Ғолиби Ҷоми даъвати AFC-2012 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG