Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболҳо реакторҳои Фукушимаро сард мекунанд


Чархболҳои низомӣ ба болои нерӯгоҳи барқи атомии осебдидани Фукушимаи Ҷопон об мепошанд, то реакторҳои доғшуда дар онро сард кунанд. Бино ба гузоришҳо, талошҳо бештар барои сард кардани реактори саввуми нерӯгоҳ равона шудааст, ки ин нерӯгоҳ бар асари заминларзаву сунамии рӯзи ҷумъа ва инфиҷорҳои баъди он сахт садама дидааст. Як мақоми баландпояи ниҳоди амнияти ҳастаии Амрико дирӯз гуфт, оби яке аз ҳавзҳои хунуккунии милаҳои сӯхти атомӣ дар нерӯгоҳи Фукушима хушк шудааст ва мизони радиатсия ҳам фавқуллода баланд аст. Мақомоти Ҷопон ин гуфтаро рад карданд. Имрӯз Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои ошноӣ бо корҳои ҷилавгирӣ аз фалокат дар нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ вориди Токио шуд. Ӯ дирӯз вазъи ин нерӯгоҳро бисёр ҷиддӣ хонд.
XS
SM
MD
LG