Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Либия барои ҳамла ба Бенғозӣ омода мешавад


Артиши Либия аз сокинони шаҳри Бенғозӣ такягоҳи аслии ошӯбгарон хостааст, то нимашаб маҳалҳои камингирифтаи ошӯбгарон ва анборҳои силоҳро тарк кунанд. Телевизони давлатии Либия бо муроҷиат ба сокинони Бенғозӣ гуфт, “артиш меояд, то шаҳрро аз ҷинояткорони мусаллаҳ пок кунад”. Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ба телевизиони Лубнон гуфт, ҳеҷ муқовиматеро дар шаҳри Бенғозӣ интизор надорад. Иброҳим Даббошӣ, дипломати мухолифи Қаззофӣ дар шаҳри Ню Йорк гуфт, ҷомеаи байналмилалӣ барои иқдом алайҳи Қаззофӣ ва ҳимояти мухолифон танҳо даҳ соат вақт дорад.
XS
SM
MD
LG