Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Озарбойҷон дар иртибот ба Кӯҳистони Қаробоғ


Дар остонаи ифтитоҳи дигарбораи ягона фурудгоҳи ғайринизомӣ дар Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ, давлати Озарбойҷон таҳдид кардааст, ки дар сурати парвози ҳаргуна ҳавопаймоҳои мусофирбар ба вилоят онҳоро сарнагун хоҳад кард. Аммо раҳбарони армании ин вилояти ҷудоихоҳи Озарбойҷон аз доранд, сарфи назар аз таҳдид фурудгоҳро моҳи май боз кунанд ва мехоҳанд баъди тақрибан 20 сол парвози ҳавопаймоҳо аз Арманистон ба Кӯҳистони Қаробоғро аз сар бигиранд. Аммо давлати Озарбойҷон ҳушдор додааст, ки бар асоси муқаррарот ҳарими ҳавоии вилоят баста аст ва ҳар ҳавопаймое, ки дар он парвоз мекунад, нобуд карда хоҳад шуд. Арманистон ва Озарбойҷон солҳои 90 бар сари милояти мазкур ҷангидаанд ва муноқиша бар сари он ҳанӯз ҳам рафъ нашудааст.
XS
SM
MD
LG