Пайвандҳои дастрасӣ

Юкиа Амано вазъи нерӯгоҳи Фукушимаро бисёр ҷиддӣ хонд


Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дирӯз гуфт, вазъ дар нерӯгоҳи барқи атоамии вайроншуда дар Ҷопон бисёр ҷиддӣ аст. Ӯ ки имрӯз барои ошноӣ бо корҳои ҷилавгирӣ аз фалокат дар нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ вориди Токио шуд, афзуд: "“Авзоъ дар нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ бисёр ҷиддӣ аст. Иттилоъ доир ба осеб дидани реакторҳои якум дуввум ва саввуми нерӯгоҳ таъйид шуд, вале аз дирӯз то кунун тағйироти ҷиддие дар онҳо ба амал наомадааст.“ Субҳи дирӯз бинобар баланд шудани мизони радиатсия дар нерӯгоҳ корҳои рафъи фалокатро барои муддати кӯтоҳе боздоштанд. Нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, воқеъ дар шимоли Токио бар асари заминларзаи нӯҳ дараҷаӣ ва сунамии рӯзи ҷумъа осеб дид ва то кунун дар он чандин инфиҷор ба амал омад. Амр шудааст, то мардум маҳалҳои то 20 километр наздик ба нерӯгоҳро тарк кунанд. Заминларзаву сунамӣ дар Ҷопон ҳазорон нафарро куштаву бенишон кард.
XS
SM
MD
LG