Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаҳои башиддати нерӯҳои Қаззофӣ ба Мисрата


Нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, ҳамлаҳо ба мавзеъҳои ошӯбгарон дар шаҳри Аҷдабия воқеъ дар 150 километрии Бенғозиро тақвият додаанд, ки таҳти контроли ошӯбгарон қарор дорад. Нерӯҳои Қаззофӣ барои пас гирифтани шаҳри Мисрата дар ғарби кишвар ҳамалоти заминиро алайҳи ошӯбгарон шиддат бахшиданд. Айни замон дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал баҳсҳо дар мавриди хотима додан ба куштори мухолифон дар Либия идома кард. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал дирӯз хостори оташбаси фаврӣ дар Либия шуд. Сайфул Ислом, писари Қаззофӣ дар мусоҳиба бо телевизиони Евронюс гуфт, кори ошӯбгарон то 48 соати дигар ба гуфтаи ӯ тамом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG