Пайвандҳои дастрасӣ

"Оташпарак" яке аз суннатҳои иди Наврӯз аст, ки то ҳанӯз дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон ҳифз шудааст.

Наврӯз аз кӯҳантарин ҷашнҳои форсизабонҳост, ки ҳазорон сол инҷониб дар оғози фасли баҳор таҷлил мегардад.Соҳибони ин ҷашн суннат ва боварҳое зебову пурмаънии Наврӯзро аз қарн ба қарн ва аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд.
Мардум ба хотири арҷгузорӣ ба нури офтоб ва бо нияти пок шудан аз гуноҳ гулхан афрӯхта, ояҳои наврӯзӣ дар лаб бар фарози алангаи оташ парвоз мекунанд...


Бархе аз оинҳои наврӯзӣ дар нимароҳи таърих гум шуданд, бархе маънии худро аз даст доданд, аммо аҷдодони мо тавонистанд якчанд суннати муҳимро, ки фалсафаи Наврӯз ба онҳо сахт марбут шудааст, то ба рӯзҳои мо бирасонанд.

Оташпарак ё ҷаҳидан бар фарози гулхани фурӯзон аз ҳамин оинҳост, ки ҳоло низ дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон риоя мешавад. Мардум ба хотири арҷгузорӣ ба нури офтоб ва бо нияти пок шудан аз гуноҳ гулхан афрӯхта, ояҳои наврӯзӣ дар лаб бар фарози алангаи оташ парвоз мекунанд.

Мардумшиносон мегӯянд, ин суннати фалсафӣ дар тӯли мавҷудияташ бо мухолифатҳои хурофотӣ рӯ бар рӯ буд, вале азбаски аз қарнҳо ба ин тараф бо хуну ҷони мардум пайванд шуда буд, аз байн нарафт.

Ҳанӯз ҳам мардуми форсизабон ба сеҳри оташ ва ба тавони шифобахшандаи он эътиқод дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG