Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду украинӣ ва як қирғиз дар Афғонистон


Cе шаҳрванди кишварҳои собиқ Шӯравиро барои даст доштан дар фаъолиятҳои даҳшатафканӣ боздошт кардаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 16-уми март, сухангӯи раёсати амнияти миллии Афғонистон Лутфуллои Машъал зимни як нишасти матбуотӣ дар Кобул иброз дошт, ки ин афрод ахиран дар манотиқи шимолу шарқии Афғонистон боздошт шудаанд.
Тавсеаи амалиёти нерӯҳои покистонӣ ва ҳамзамон бо он ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ болои пойгоҳҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар созмонҳои даҳшатафкан боис шуд, ки ин гурӯҳҳо дар ҷустуҷӯи макони амн ба манотиқи шимолии Афғонистон паноҳ баранд...


БОЗДОШТИ ПАЙРАВОНИ ҲИУ

Ба гуфтаи Лутфуллои Машъал, афроди дастгиршуда - ду украинӣ ва як қирғиз пайравони Ҳаракати Исломии Узбакистон мебошанд.

Сухангӯи раёсати амнияти миллии Афғонистон афзуд, хадамоти амниятии Афғонистон моҳи гузашта ин ду шаҳрванди Украина ва як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карданд. Ба гуфти ҳамин манбаъ, афроди боздоштшуда ҷиҳози таркандаро барои истифода дар ҳамлаҳои интиҳорӣ таҳия мекардаанд.

Машаъал афзуд, ки украиниҳо аз роҳи бандари Ҳайратон ба шаҳри Мазори Шариф рафта, дар ҳамон ҷо бо даҳшатафканони дигар ҳамроҳ шудаанд. Машъал илова кард, ки шакли зоҳирии украниҳо ба афғонҳо монанд нест ва тибқи маслиҳати пешакӣ онҳо мебоист дар ҳар ҷо худро ҳамчун тоҷири киш-миш муаррифӣ мекарданд. Машъал акси онҳоро ҳам ба хабарнигорон нишон дод.



Ҷаноби Машъал дар маврид боздоштшудаи сеюм гуфт, ки вай шаҳрванди Қирғизистон буда аз тариқи Эрон ба хоки Афғонистон ворид шудааст. Ба қавли ин мақоми афғон, даҳшатафканони кишварҳои собиқ шӯравӣ дар нооромиҳо Афғонистон, ба вижа ҳамлаҳои интиҳорӣ нақши муҳим доранд.

ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН - МАКОНИ АМНИ ҲИУ

Ба қавли сухангӯи раёсати амнияти миллии Афғонистон, тавсеаи амалиёти нерӯҳои Покистонӣ ва ҳамзамон бо он ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ болои пойгоҳҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар созмонҳои даҳшатафкан боис шуд, ки ин гурӯҳҳо дар ҷустуҷӯи макони амн ба манотиқи шимолии Афғонистон паноҳ баранд.

Ба гуфтаи ҷаноби Машъал, маҳз ҳамин гурӯҳҳо вазъи амниятии шимоли Афғонистон, ба вижа вилоятҳои Кундуз, Тахор ва чандин вулусволии дигари шимоли кишварро ноором кардаанд.

Ҷаноби Машъал изҳор намуд, ки дар давоми се моҳи гузашта амалиёти муваффақонаи нерӯҳои давлатии Афғонистон даҳшатафканонро аз пойгоҳҳояшон маҳрум кард.

Аз ин рӯ ин гурӯҳҳои террорист ба интиқомҷӯӣ рӯ оварда, дар ҷараёни ҳамлаҳои маргталабона, собиқ волии Кундуз ва як идда раҳбарони амниятиву полисро ба ҳалокат расонданд.
XS
SM
MD
LG